|
Ҷилди V: Сипаҳдори туркон, чу шаб даршикаст,
Миён бо сипаҳ тохтанро бубаст.
Ѓави табл бар кӯҳаи зин бихост,
Дурафши сияҳро* баровард рост.
Зи лашкар ҳар он кас, ки буд пешрав,
Барангехтанд аспу бархост зав.
Ба канда дарафтод чандин савор,
Бупечид дигар сар аз корзор.
Зи як даст Рустам баромад зи дашт,
Зи гарди саворон ҳаво тира гашт.
Зи дасти дигар Геви Гударзу Тус,
Ба пеш-андарун бӯқу овои кӯс.
Шаҳаншоҳ бо ковиёнӣ дурафш,
Ҳаво шуд зи теғи саворон бунафш.
Баромад деҳу дору банду бикуш,
На бо асп ҷону на бо мард ҳуш.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |