|
Ҷилди III: СОХТАНИ СИЁВУШ ГАНГДИЖРО
Ба ҳар барзане ромишу рангу бӯй.
Ҳама кӯҳ нахчиру оҳу ба дашт,
Чу ин шаҳр бинӣ, набояд гузашт.
Тазарвону товусу кабки дарӣ
Биёбӣ, чу бар кӯҳҳо бугзарӣ.
На гармош гарму на сармош сард,
Ҳама ҷои шодиву орому х(в)ард.
Набинӣдар он шаҳр бемор кас,
Яке бӯстон аз биҳишт асту бас.
Ҳама обҳо равшану хушгувор,
Ҳамеша бару буми ӯ чун баҳор,
Дарозиву паҳнош сӣбор сӣ
Бувад, гар бипаймоядаш порсӣ.
Яку ним фарсанг болои кӯҳ, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |