|
Ҷилди III: СОХТАНИ СИЁВУШ ГАНГДИЖРО
Кунун бишнав аз Гангдиж достон,
Бад-ин достон бош ҳамдостон,
Ки чун Гангдиж дар ҷаҳон ҷой нест,
Бар он сон замине дилорой нест,
Ки онро Сиёвуш бароварда буд,
Басе андар ӯ ранҷҳо бурда буд.
Биёбон биёяд, чу дарё гузашт,
Бубинӣяке паҳну беоб дашт.
Чу з-ин бугзарӣ, бинӣобод шаҳр,
К-аз он шаҳрҳо бартавон дошт баҳр.
В-аз он пас яке кӯҳ бинӣбаланд.
Ки болои ӯ бартар аз чуну чанд.
Мар ин кӯҳро Гангдиж дар миён
Бад-он к-ат зи дониш наёяд зиён.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |