|
Ҷилди III: СОХТАНИ СИЁВУШ ГАНГДИЖРО
Куҷо он ҳакимону донандагон,
Ҳамон ранҷбардор хонандагон?
Куҷо он бутони пур аз нозу шарм,
Сухан гуфтани хубу овои нарм?
Куҷо он, ки бар кӯҳ будаш куном,
Бурида зи орому аз кому ном?
Куҷо он, ки судӣсарашро ба абр,
Куҷо он, ки будӣшикораш ҳизабр?
Ҳама хок доранд болину хишт,
Хунук он, ки ҷуз тухми некӣнакишт!
Зи хокему бояд шудан сӯи хок,
Ҳама ҷои тарс асту тимору бок.
Ту рафтиву гетӣбимонад дароз,
Куҷо ошкоро бидониш роз? 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |