|
Ҷилди III: СУХАН ГУФТАНИ СИЁВУШ БО
ПИРОН АЗ БУДАНИҲО
Зи айвону кох андароям нахуст.
Бидон, то нагӯӣ, чу бинӣчунон,
Ки ин бар Сиёвуш чаро буд ниҳон.
Ту, эй гурд Пирони бисёрҳуш,
Бад-ин гуфтаҳо паҳн букшой гӯш.
Фаровон бад-ин нагзарад рӯзгор,
Ки бар дасти бедордил шаҳрёр
Шавам зор ман кушта бар бегуноҳ,
Каси дигар ояд бар ин тоҷу гоҳ.
Ту паймон ҳаме дориву рои рост,
Валекин фалакро ҷуз ин аст хост.
Зи гуфтори бадгӯй в-аз бахти бад
Чунин бе гунаҳ бар сарам бад расад.
Барошӯбад Эрону Турон ба ҳам, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |