|
Ҷилди III: СУХАН ГУФТАНИ СИЁВУШ БО
ПИРОН АЗ БУДАНИҲО
Ки Афросиёб аз бало пушти туст,
Ба шоҳӣнигин андар ангушти туст.
Маро низ, то ҷон бувад дар танам,
Бикӯшам, ки паймони ту нашканам.
Намонам, ки боде ба ту бигзарад,
В-агар мӯй бар ту ҳаво бишмарад».
Сиёвуш бад-ӯ гуфт, к-«Эй некном,
Набинам ба ҷуз некномит ком!
Ҳама рози ман ошкорои туст.
Ки бедордил бошиву тандуруст.
Ман огоҳӣаз фарри Яздон диҳам,
Ҳам аз рози чархи баланд огаҳам.
Бигӯям туро буданиҳо дуруст,
Зи айвону кох андароям нахуст. 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |