|
Ҷилди III: СУХАН ГУФТАНИ СИЁВУШ БО
ПИРОН АЗ БУДАНИҲО
Чу хуррам шавад ҷой ороста
Падид ояд аз ҳар сӯе хоста.
Набояд маро шод будан басе,
Нишинад бар ин кох дигар касе.
На ман шод бошам, на фарзанди ман,
На пурмоя гурде зи пайванди ман.
Набошад маро зиндагонӣдароз,
Зи коху зи айвон шавам бениёз.
Шавад кохи ман тахти Афросиёб,
Кунад бегунаҳ марг бар ман шитоб.
Чунин аст рози сипеҳри баланд,
Гаҳе шод дорад, гаҳе мустаманд».
Ба-ӯ гуфт Пирон, ки «Эй сарфароз,
Макун хира андеша бар дил дароз,
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |